Лавров дар Абхазистон "сафорат"-и Русияро боз кард

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар доираи як сафари дурӯза вориди ҷумҳурии худхондаи Абхазистон шуда, дар расми ифтитоҳи ба истилоҳ сафорати кишвараш дар Сухуми иштирок кард. Гурҷистон Москваро дар робита ба боздиди вазири умури хориҷии Русия аз Абхазистон сахт интиқод кард.

Президент Гурҷистон Георгий Маргвелашвили рӯзи сешанбе дар як изҳорот гуфт, "Русия ба сиёсати сабри стратегии Тифлис бо ин гуна амалҳояш, ки зидди тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Гурҷистон равона шудаанд, посух медиҳад ва ин вазъро буҳронитар хоҳад кард".

Намояндаи хоси сарвазири Гурҷистон дар умури робита бо Русия Зураб Абашидзе 18 апрел изҳор дошт, ки сафари дурӯзаи Лавров нақзи соҳибихтиёрии кишвараш аст. Муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон Дэвид Ҷалагания қайд кард, ки "Русия қонуну усули байналмилалиро нодида мегирад".

Абхазистон дар ҷанги солҳои 1992-1993 аз ҳукумати марказии Гурҷистон ҷудо шуд. Русия Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро баъди ҷанги панҷрӯза зидди Тифлис дар соли 2008 ҳамчун ҷумҳуриҳои мустақил эътироф кард.

Танҳо як чанд кишвар дар ин бора аз Русия пайравӣ карданд, дар ҳоле ки аксарият Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро ҷузъи Гурҷистон медонанд. Русия дар ин минтақаҳо ҳазорон сарбоз дорад.