Трамп Эрдуғонро бо баргузории назархоҳии муваффақ табрик гуфт

Акс аз бойгонӣ

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дар як суҳбати телефонӣ президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро барои баргузории назархоҳии муваффақ, ки қудрати ӯро густариш медиҳад, табрик гуфт.

Тамоси телефонии Трамп бо Эрдуғон дар ҳоле сурат гирифт, ки Департаменти давлатии Амрико, нозирони аврупоӣ ва ҳизбҳои мухолиф аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар ҷараёни райъдиҳӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Аммо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 17 апрел дар намоиши ҷонибдоронаш дар Анкара гуфт, “инҷо як созмоне ҳаст бо номи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо. Ҳоло инҳо гузориши худро омода мекунанд, ки райъдиҳӣ дар Туркия ин хел буду он хел шуд. Пеш аз ҳама, ба онҳо мегӯям, ки ҷойи худро бидонед. Мо гузориши аз ҷиҳати сиёсӣ ғаразноки Шуморо на мебинем ва на мешунавем. Мо роҳи худро идома медиҳем.”

Назархоҳии умумӣ дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосиро Комиссияи марказии интихобот бо 51,4 дар сади раъй қонунӣ эълон кард. Мунаққидони Эрдуғон мегӯянд, дигаргунӣ ба Конститутсия салоҳияти густардаро ба нафаре медиҳад, ки тамоюл ба худкомагӣ дорад ва тавозунро дар байни шохаҳои қудрат вайрон мекунад.

Департаменти давлатии Амрико дар изҳороти худ оид ба раъйдиҳӣ аз Туркия даъват кард, ки ба назарҳои мухталиф эҳтиром гузорад ва “муколамаи пурмуҳтавои сиёсӣ”-ро бо ҳизбҳои мухолифин ба роҳ монад.