Ноиби раиси ҷумҳури Амрико Майк Пенс гуфт, ки "даврони таҳаммули стратегӣ дар баробари Кореяи Шимолӣ ба поён расид". Пенс дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки нисбати Кореяи Шимолӣ ҳаргуна иқдом имконпазир аст. Ноиби раиси ҷумҳури ИМА бо президенти Кореяи Ҷанубӣ мулоқот ва аз пойгоҳи низомии Амрико дар наздикии минтақаи ғайринизомии миёни ду Корея боздид кард.
Майк Пенс 16 апрел, чанд соат баъд аз санҷиши номуваффақи мушаки баллистикии Кореяи Шимолӣ вориди Сеул шуд. Қаблан дар бораи омодагии Пхенян ба санҷиши навбатии ҳастаӣ хабар пахш шуд. Таҳримҳои байналмилалӣ Кореяи Шимолиро аз бунёди силоҳи ҳастаӣ манъ кардаанд.
ИМА нерӯи вежаи дарёиро бо раҳбаладии киштии ҳавопаймобари "Карл Винсон" ба нимҷазираи Корея интиқол дод. Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки "Кореяи Шимолӣ - мушкилот аст ва мушкилот бояд ҳал шавад". Пхенян аз омодагиаш барои посух гуфтан ба ҳамлаи эҳтимолии ИМА ҳушдор дод.