Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои ҳодисаи таъхир дар парвози ҳавопаймои ин ширкат дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд, аз мусофирон узрхоҳӣ кардааст. Ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд шоми 14 апрел ҳангоми шурӯи парвоз аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд дучори мушкил шуда, исти изтирорӣ анҷом дода буд. Танҳо баъд аз исти изтирорӣ дар фурудгоҳи Душанбе ва расидани ҳавопаймои дигар мусофирон тавонистаанд, бо таъхир ба маркази вилояти Суғд парвоз кунанд. Дар ин ҳавопаймо беш аз 120 мусофир қарор доштаанд.
Ширкати Сомон Эйр рӯзи 17 апрел бо нашри як иттилоия, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки "дар таърихи 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд, дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид. Сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушўй гашт, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ, дар ҳолати қабл аз парвоз тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд. Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба системаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гаштааст, ки боиси дудолудшавӣ ва бўй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд."
Дар хабарномаи ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр гуфта мешавад, ки ба дунбол бо тасмими раҳбари ҳайати парвоз ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ баргардонида шуд ва дар робита ба ин ҳодиса роҳбаладонро низ огоҳ намуд. Роҳбаладон низ дар навбати худ мусофиронро аз бозгашти ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ огоҳ карданд. "Сомон Эйр” мегӯяд, тафтиши минбаъда нишон додааст, ки ин ҳавопаймо мушкиле надорад ва алакай рӯзи 15 апрел дигарбора ба парвозҳо идома додааст.