Тақдири ҳукумати Қирғизистонро порлумон муайян мекунад

Раиси порлумони Қирғизистон Чинибой Турсунбеков дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, вакилон тасмим хоҳанд гирифт, ки сарвазири ин кишвар ба истеъфо биравад ё не. Ба гуфтаи ӯ, порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии худ ҳисоботи ҳукумати ин кишварро барои соли гузашта баррасӣ мекунад.

"Баъди шиносоӣ бо ҳисобот тасмим мегиранд. Ҳама чиз аз гузориши ҳукумат вобастааст. Агар ба вакилон писанд омад, пас ҳукумат як давраи дигар фаъолият мекунад", - афзуд Турсунбеков. Сооронбой Жээнбеков моҳи апрели соли 2016 раиси ҳукумати Қирғизистон интихоб шуд. Номзадии ӯро эътилофи аксарият дар порлумон пешниҳод карда буд.