Бино ба гузоришҳо, теъдоди қурбониёни бомбгузории маргбор дар Сурия ба 112 нафар расид. Рӯзи 15-уми апрел чанд автобусе, ки мардумро аз шаҳрҳои зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ берун мебурданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, як мошини бомбгузоришударо ба самти автобусҳое равон кардаанд, ки аз ду шаҳри шимолӣ берун меомаданд ва дар як гузаргоҳе дар шаҳри Ҳалаб қарор доштанд. Дар ин ҳамла 98 мусофир кушта шудаанд ва бақияи қурбониён маъмурони имдодӣ ва ошӯбгарони масъули муҳофизати автобусҳо будаанд.
Ба гуфтаи ин созмон, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад. Рӯзи 15-уми апрел матбуоти давлатии Сурия гуфт, ки дар натиҷаи таркиш камаш 39 нафар кушта шуданд, ҳарчанд созмони мазкур гуфт, ки бештар аз 43 нафар дар ҳамла ҷон доданд.
Созмони ғайринизомии муҳофизати шаҳрвандон дар Сурия, ки бо номи Кулоҳсафедон маъруф аст, мегӯяд, ки кормандони онҳо 100 ҷасад ҳисоб кардаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон ва ошӯбгарон ҳам ҳастанд.
Автобусҳо ҳазорон шиамазҳаби тарафдори ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асадро ба ҷойи амн интиқол медоданд. Онҳоро аз рустоҳое, ба шаҳри Ҳалаб мебурданд, ки онҷо нерӯҳои ҳукуматӣ бо ошӯбгарон меҷанганд.