Сел дар минтақаҳои Эрон ҷони дастикам 35 нафарро рабуд

Баъзе аз мақомҳои Эрон мегӯянд, ки дар пайи омадани сел дар чаҳор вилояти ин кишвар дастикам 35 нафар ҷон бохтаанд. Исмоил Наҷор – раиси созмони мудирияти буҳрон дар Эрон – рӯзи 15 апрел ба хабаргузории “Исно” гуфтааст, инчунин, дар Озарбойҷони шарқӣ, Озарбойҷони ғарбӣ, Курдистон ва Занҷон 8 нафари дигар гум шудаанд. Бино ба хабарҳои дигар, теъдоди гумшудагон зиёдтар аз ин будааст. Хабаргузории “Меҳр” навишт, раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ҳайатеро муваззаф кардааст, ки ба ҷои ҳодиса рафта ва ба мушкили осебдидагон расидагӣ кунанд. Дар Тоҷикистон низ ҳар сол дар аввали баҳор сел омада, асосан роҳу боғҳоро хароб мекунад. Мақомот гуфтанд, тайи ду ҳафтаи ахир дар кишвар бар асари омадани сел ва фаромадани ярч дар ноҳияҳои Ашту Дарвоз чаҳор нафар, аз ҷумла ду тифл ҷон бохтаанд.