Раиси ҷумҳури Русия соли 2016 ҳудудан 9 миллион рубл даромад доштаст. Ин маълумот дар изҳороти молиётии сарвари давлат барои соли гузашта дарҷ шуд. Владимир Путин дар муқоиса бо дороиҳояш дар соли 2015, 33 ҳазор рубл зарар дидааст.
Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев низ аз суду зиёни молии соли гузаштааш маълумот дод. Нахуствазир даромади худро ҳаштуним миллион рубл ҳисоб кард, ки дар муқоиса бо соли 2015 180 ҳазор рубл камтар аст.
Медведев, инчунин, аз ду мошини ГАЗ, хонае бо масоҳати 367 метри мурабаъ ва замине дар ҳудуди 47 сотих, ки барои 49 сол иҷора гирифтааст, гузориш дод. Ҳамсари ӯ аз таваққуфгоҳи ду мошин ва як худрави "Walkswagen Golf" маълумот дод. Бар пояи эъломияи молӣ Светлана Медведева соли гузашта ҳеҷ даромад надоштааст.
Моҳи марти соли 2017 Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний пажуҳишеро дар бораи "Империяи махфӣ"-и Дмитрий Медведев пахш кард, ки мегӯяд нахуствазир ба воситаи бунёдҳои ғайритиҷоратӣ ва шахсони боварбахш аз амволи ғайриманқул дар Русия ва кишварҳои хориҷӣ бархӯрдор буда, инчунин, киштиву маҷмааҳои кишоварзӣ ва боғҳои ангур доштаст. Медведев ин пажуҳишро "сафсата ва коғази бекора" номид.