Майкл Помпео, раҳбари Хадамоти иктишофии Амрико, "Wikileaks"-ро танқид кард ва онро як созмони иттилоотие номид, ки барои дахолат дар умури интихоботи ИМА аз иттилооти низомии Русия истифода кардааст.
Помпео рӯзи 13 апрел дар Маркази пажуҳишҳои стратегии байналмилалӣ, ки дар Вашингтон ҷойгир аст, суханронӣ кард. Ӯ, дар маҷмуъ, назари аксар қонунгузорон ва сиёсатмадорони ИМА дар бораи Ҷулиан Ассанҷ, асосгузори "Wikileaks"-ро такрор кард.
Соли гузашта дар ҷараёни маъракаи интихоботии Амрико созмон ба почтаи электронии раҳбарони Ҳизби демократи ИМА ва номзад ба мақоми президентӣ Ҳилларӣ Клинтон ворид шуд. Моҳи январ Хадамоти иктишофии ИМА гуфт, ки рахнагарӣ дар компютерҳо ба хотири зарба задан ба Ҳилларӣ Клинтон сурат гирифт, аммо ба фоидаи Доналд Трамп анҷом шуд.
Амрико Идораи иттилооти низомии Русия ва Хадамоти амнияти ин кишварро дар даст доштан ба ҳамлаҳои ҳакерӣ ва дахолат дар умури интихобот муттаҳам мекунад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Доналд Трамп аз фаъолиятҳои "Wikileaks" пуштибонӣ кард ва гуфт, хурсанд аст, ки муҳтавои почтаҳои электронӣ дастраси омма шуданд.