Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 14 апрел барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ё СПАД, ба Бишкек рафт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёвари президент дар умури равобити хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи 14-уми апрел дар назар аст.