Доналд Трамп беҳбуди равобит бо Русияро пешгӯӣ мекунад

Раиси ҷуҳмури Амрико Доналд Трамп ва дабири кулли НАТО Йенс Столенберг. Рӯзи 12 апрели соли 2017

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, беҳтар шудани равобити миёни Вашингтону Маскавро пешгӯӣ мекунад. Трамп рӯзи 13 апрел дар Твиттер навишт, "ҳама чиз дар байни Амрико ва Русия хуб хоҳад шуд. Дар вақти зарурӣ ҳама ба худ меоянд ва сулҳи мустаҳкам фаро мерасад!"

Субҳи 12 апрел Трамп дар нишасти матбуотии муштарак бо дабири кулли НАТО Йенс Столенберг гуфт, ки мехоҳад равобти Русия ва Амрико беҳбуд ёбад.

"Ин хеле олӣ мебуд, тавре ки мо чанде пеш баҳс мекардем, чӣ мешуд агар НАТО ва кишвари мо метавонистем ба якдигарфаҳмӣ даст ёбем. Мо ҳоло бо Русия ҳамдигарфаҳмӣ надорем. Равобити мо бо Русия дар поёнтарин сатҳ қарор дорад. Муддати тӯлонист, ки ин ҳолат идома дорад. Аммо мо мебинем, ки таҳаввулот чигуна хоҳад буд. Путин - раҳбари Русия аст. Русия - кишвари қудратманд аст. Мо бошем хеле қудратманд ҳастем. Бубинем, ки чӣ ба даст меояд", - гуфт Трамп дар поёни музокирот бо дабири НАТО.