Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков лаҳни гуфтори дипломати рус Владимир Сафронковро дар ҷаласаи рӯзи 12 апрели Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳқиромез намешуморад. Ба гуфтаи Песков "сустӣ" дар баррасии баҳсҳои доғ дар оянда паёмадҳои ғамангез дорад.
Шоми 12 апрел дар Интернет навори суханронии ноиби намояндаи доимии Русия дар СММ Владимир Сафронков пайдо шуд, ки дар он дипломати рус ба ҳамтои британиягиаш "ту" мегуфт ва талаб мекард, ки "нигоҳашро нагурезонад."
Навор ба забони русӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дипломати русро суханони намояндаи Британия Мэттю Райкрофт, ки гуфт, Русия аз ҳаққи ветогузорӣ суистифода мекунад, ба хашм овард.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатънома дар бораи таҳқиқи ҳамлаи кимиёвии рӯзи 4 апрел дар Сурия баррасӣ мешуд. Дар ин ҳамла беш аз 80 нафар кушта шуд.