AP исботи аз Украина пул гирифтани Манафортро пайдо кард

Пол Манафорт

Хабаргузории Associated Press маълумотеро тасдиқ кард, ки Пол Манафорт, мушовири собиқи Доналд Трамп, аз сохторҳои марбут ба президенти қаблии Украина Виктор Янукович пул гирифтааст.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, ки рӯзи 13 апрел пахш шуд, ширкати машваратии Манафорт, дар ду пардохт маблағи беш аз миллион доллар дарёфт кардааст. Маълумот дар бораи пардохти маблағҳо дар китоби ҳисобдории ҳизби Янукович сабт шудааст. Ба навиштаи Associated Press, муомилот ба солҳои 2007-2009, солҳо пеш аз маъракаи интихоботии Доналд Трамп рост меояд.

Ҳоло хадамоти махсуси Амрико робитаи эҳтимолии муттаҳидини Трамп бо мақомоти Русияро бозҷӯӣ мекунад. Дар робита ба Пол Манафорт низ таҳқиқ ҷараён дорад. То моҳи августи соли 2016 Манафорт ба ситоди интихоботии Трамп раҳбарӣ мекард. Аммо баъди дар матбуот пайдо шудани маълумоте, ки ӯ барои лоббигарӣ ба фоидаи сарватмандони маскавгарои украинӣ дар ИМА аз сохторҳои марбут ба Янукович наздик ба 13 миллион доллар гирифтааст, аз мақомаш сабукдӯш шуд. Манафорт мегӯяд, ки қонунро нақз накардааст.