Як захмии ҳамла ба метрои Петербург даргузашт

Хунсупори довталабона барои захмиҳои ҳамла ба метрои Петербург

Яке аз осебдидагони таркиши рӯзи 3 апрел дар метрои Санкт-Петербург даргузашт ва бо ин теъдоди умумии кушташудаҳо ба 14 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 12 апрел бо такя ба ноиби волии Санкт-Петербург Анна Митянина гузориш дод.

Номи шахси фавтида, ки гуфта мешавад тайи чанд рӯз дар бемористони Академияи низомиву тиббӣ таҳти назорати ҷиддии табибон карор дошт, эълон нашудааст.

Амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел ба вуқӯъ пайваста, то ҳол ҷасади ҳамаи қурбониҳо шиносоӣ шудааст. Даҳҳо осебдида дар бемористон табобат мегиранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, амали террористиро Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи Қирғизистон, ки шаҳрвандии Русияро дошт, анҷом додааст. Мақомоти Русия ҳашт нафарро бо гумони ҳамдастӣ бо Ҷалилов боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.