Додгоҳи шаҳри Стокҳолми Шветсия 11 апрел қарор кард, Раҳмат Оқилов, зодаи 39-солаи Узбакистон ба муддати як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Оқилов дар маркази Стокҳолм бо мошини борбар пиёдагардонро пахш кард. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Шветсия хабар медиҳанд, ки 137 узбакистонӣ маҳкум ба ихроҷанд, аммо аз пулис пинҳон шудаанд.
Ба иттилои додгоҳ, Оқилов ҳамчунин бояд аз ташхиси равонӣ бигзарад. Йохан Эриксон, вакили Оқилов гуфт, “вай иқрор кард, ки ҳамлаи террористиро анҷом додааст, ба ҳамин хотир дар боздошт хоҳад монд.”
Ёдрас мешавем, дар нимаи дувуми рӯзи 7 апрел Оқилов бо мошини борбар дар маркази Стокҳолм пиёдагардонро пахш кард. Дар натиҷа 4 нафар, аз ҷумла як духтари 11-сола кушта шуд. 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъди чанд соати ҳодиса пулис Раҳмат Оқиловро боздошт кард.
Ин ҳодиса ҳамчун теракт баҳо дода шуд. Пулиси Шветсия 7 нафарро бо гумони даст доштан дар ҳодисаи мазкур боздошт кард.