Таркиш дар идораи полиси Диёрбоқир 4 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт

Дуди ғализе дар паи таркиши идораи полис дар як минтақаи марказии Диёрбоқир ба мушоҳида мерасад

Дар як таркиши идораи полис дар шаҳри ҷанубушарқии Диёрбоқири Туркия дасти кам чор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса чанд рӯз пеш аз баргузории раъйпурсии тавсеаи қудрати президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон рух дод. Як манбаи полис ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки зоҳиран таркиш дар бахши тамрини мошинҳои идораи полис рух додааст. Дар паи ин ҳодиса як қисми боми сохтмон ҳам осеб дид. Яке аз маҷрӯҳон дар ҳолати сангин будааст. Сабаби таркише, ки дар паяш дуди азиму ғализе ба осмон печид, ҳанӯз мушаххас нест. Моҳи ноябри соли гузашта ин маҳаллаи сераҳолии Диёрбоқири асосан курднишин шоҳиди таркиши бомбаи дар дохили мошин ҷойгузоришуда гардид, ки дар натиҷааш даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуд. Дар ташкили ин таркиш Ҳизби коргарии Курдистон гумонбар дониста шуд.

Дар давоми се даҳсолаи гузашта ҷангиёни курдтабори шӯришӣ дар Диёрбоқир чандин ҳамлаҳоро зидди нирӯҳои ҳукуматӣ анҷом додаанд. Курдҳо барои дастёбӣ ба мухторият зидди ҳукумати Анкара мубориза мебаранд. Рӯзи 16 апрел дар Туркия раъйпурсии тағйири конститутсияи кишвар баргузор мешавад, ки ба тавсеаи салоҳиятҳои Эрдуғон нигаронида шуда Туркияро ба як ҷумҳурии президентӣ табдил медиҳад.