Ҳукумати Қирғизистон аз таъмири бесифати роҳҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфт

Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба шахсоне, ки навор дар бораи таъмири бесифати роҳҳо дар ин кишварро нашр кардаанд, миннатдорӣ баён намуд.

Ин навор, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, нишон медиҳад, таъмиргарони қирғиз бидуни тоза кардани оби чуқуриҳо қисматҳои харобшудаи роҳҳоро мумфарш мекунанд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, Жээнбеков дар пайи нашри он ҷаласаи кориеро роҷеъ ба вазъи роҳҳо баргузор карда, ба вазири нақлиёти кишвараш Ҷамшедбек Калилов дастур додааст, то тафтишоти хидматӣ гузаронад ва масъулонеро, ки ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, муайян кунад.

"Дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти хидматӣ як қатор мансабдорон барои саҳлангорӣ ва хуб ба роҳ намондани таъмири роҳҳо аз кор озод карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Жээнбеков ҳамчунин ба Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон дастур додааст, ки ин қазияро бодиққат омӯхта, зидди саҳлангорон чораҳои шадид биандешад.

"Ин саҳлангории масъулинро мо бо кумаки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор кардем. Мутаассифона ҳолатҳои ҳамсон на ҳамеша ифшо ва оммавӣ мешаванд. Раҳбароне, ки ҳини иҷрои вазифаҳои худ бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ мекунанд, бояд тибқи қонунгузорӣ муҷозот шаванд", - изҳор доштааст сарвазири Қирғизистон.