Ҷонсон: G7 мехоҳад, зидди Сурия ва Русия таҳрим ҷорӣ кунад

Борис Ҷонсон

Вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки намояндагони "Ҳафтгонаи бузург" (G7) имконияти ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагиро зидди мансабдорони низомии Русия ва Сурия пас аз ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар Идлиб баррасӣ хоҳанд кард. Ин нуктаро Ҷонсон рӯзи 10 апрел дар шаҳри Луккаи Итолиё, пеш аз оғози гуфтугӯи дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" баён дошт.

Интизор меравад, вазирони умури хориҷии ҳафт кишвар дар ин гуфтугӯ роҳи ягонаи ҳалли буҳрони Сурияро ҷустуҷӯ кунанд. Таваҷҷуҳи бештарро ба он равона хоҳанд кард, ки чи гуна ба Русия фишор оранд, то ҷилави президент Башор Асадро гирад.

Ба "Ҳафтгонаи бузург" ИМА, Ҷопон, Олмон, Бритониё, Итолиё, Фаронса ва Канада шомиланд. Дар натиҷаи ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар шаҳри Хон-Шайхуни вилояти Идлиби Сурия 4 апрел беш аз 80 одам ҷон доданд.

Димишқ ва Москва иддао доранд, ки гази заҳрогин дар натиҷаи зарбаи неруҳои ҳукумати Сурия ба анбори силоҳе хориҷ шуд. Вале ИМА ва кишварҳои дигар ин иддаоро рад карда, режими Асадро дар истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор мекунанд.

ИМА 7 апрел дар посух ба истифодаи эҳтимолии силоҳи кимиёӣ дар Идлиб пойгоҳи неруҳои ҳавоии Сурияро ҳадафи мушакҳои болдор қарор дод.