Таронаи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Туркманистони азиз!" гимни бозиҳои Осиё-2017 интихоб шуд. Тавре расонаҳои расмии Туркманистон хабар медиҳанд, интихоби суруд рӯзи 8 апрел дар ҷаласаи ҳукумат доир шудааст.
Бердимуҳаммадов дар консерти таронаҳои туркманиву хориҷӣ дар минтақаи истироҳатии Аваз 7 апрел ин сурудашро сароид.
Бори аввал таронаи мазкур моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Марв муаррифӣ шуда буд. Он замон суруди мазкурро бо як нафас ва ҳамзамон бештар аз 4 ҳазор одам қироат кард. Ин ҳодиса ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабт шуда, шомили Китоби рекордҳои Гиннес низ гашт.
Бозиҳои осиёӣ дар Туркманистон моҳи сентябр баргузор мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад