Раиси Бонки миллии Украина Валерия Гонтарева эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Аз рӯи қонун, дар давоми як моҳ аризаи ӯро бояд президент ва парлумон баррасӣ ва қабул кунанд. Ба ин тартиб, Гонтарева то 10 май сари кор хоҳад буд. Дар як нишасти матбуотии охирини худ ӯ гуфта буд, ки тамоми ваъдаҳояшро барои роҳандозии ислоҳот иҷро ва низоми бонкиро тоза кард.
Вале, ба гуфтаи ӯ, фаъолсозии бозори молӣ ва ҳам ба эътидол овардани қурби гривня – пули миллии Украина ба он хотир имконнопазир шуд, ки, ба қавли ӯ, ба ин чиз сиёсати ҳукумат, президент Порошенко ва вазъи берунаи сиёсӣ сабаб шуд. Гонтарева за соли 2014 раиси Бонки миллӣ буд ва аз он замон то имрӯз қурби пули миллӣ се баробар кам шуд, нисфи бонкҳои украинӣ баста шуданд.