Мақомоти Русия мегӯянд, дар натиҷаи садамаи қатори хати сайри Маскав-Брест камаш 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва вазъи баъзе аз захмиён бисёр бад аст.
Владимир Пучков, вазири ҳолатҳо фавқуллодаи Русия рӯзи 9-уми апрел ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки садама рӯзи 8-уми апрел дар наздикии кӯчаи Герасим Курин дар ғарби Маскав ба вуқӯъ пайвастааст ва 8 нафарро дар ҳолати бисёр вазнин ба шифохона бурдаанд.
Дар видео аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки чаҳор вагони қатора аз роҳ хориҷ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, қатори Маскав-Брест 455 мусофир дошт ва дасти кам чаҳор нафар аз ронандагону кормандони қатор ҳам захм бардоштаанд. Мақомот 170 нафар аз маъмурони наҷотро барои ҳодиса фиристодаанд. Сабабҳои садама маълум нест.