Дар маркази шаҳри Белград ва шаҳрҳои дигари Сербия чор рӯзи гузашта раҳпаймоиҳои шомгоҳӣ ба нишони эътироз аз пирӯзии нахуствазир Александр Вучич дар интихоботи президентии ин кишвар ҷараён дорад. Аксари эътирозгарон - донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳо чандин соат дар кӯчаҳои марказии Белград раҳпаймоӣ карда шиору овезаҳо дар даст бо садои баланд ва ҳуштаккашӣ эътирози худро аз ғалабаи Вучич баён мекарданд.
Дар матни овезаҳо даъват ба озодии матбуот, “хатми диктотурӣ” ва эътироз аз мушкилоти иқтисодӣ навишта шуда буд. Дар рӯбарӯи телевизиони давлатии кишвар тазоҳургарон аз гузоришу барномаҳои ба бовари онҳо якҷонибаи телевизион эътироз карданд. Гурӯҳҳои мухолифин гуфтанд, ки овоздиҳии рӯзи 2 апрел бо хилофкориву нақзи муқаррарот гузашт.
Эътирозгарон гуфтанд, ки рӯзҳои 7 ва 8 апрел ҳам ба хиёбонҳо мебароянд. Вучич дар интихоботи ахир бо 55 дар сади раъй баранда шуд ва ҳамакнун ӯ президенти ин кишвар мешавад. Ӯ ваъда додааст, ки кишварро узви Иттиҳодияи Аврупо мекунад ва айни замон бо Русия ҳам муносибатҳои хуби ҳамкориро ҳифз хоҳад кард.