Дарсади қишри қашшоқи ҷамъияти Русия афзоиш ёфт

Шумори сокинони Русия, ки дар ҳолати фақр ба сар мебаранд, дар давоми соли гузашта ба баландтарин мизон дар 10 соли гузашта баромад ва 19.8 миллион нафарро ташкил дод. Сабаби инро коршиносон дар вазъи бади иқтисодӣ, пастравии нархи нафти хом ва таҳримҳои Ғарб бо сабаби амалиёти низомӣ дар Украина мебинанд. Шумори онҳое, ки вазъи иқтисодишаон шадидан бад шудааст, дар соли гузашта то 300 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ин омор бар пояи нишондодҳои оҷонсии Росстат – хадамоти омори Русия ҳосил шудааст. Соли гузашта беш аз 13 дар сади ҷамъияти Русия бо даромади камтар аз хати поинтарини фақр, яъне моҳе бо 171 доллар зиндагӣ кардаанд. Ин нишондод аз соли 2006 ҳамчун баландтарин мизони фақр дар Русия арзёбӣ шудааст.