Сангрезӣ дар Хоруғ хонаи яке аз сокинонро вайрон кард. АКС

Бар асари сангрезӣ манзили Муслима Зардодхонова, сокини шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – тахриб шудааст. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 5 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса нимашаби гузашта рух дода, дар пайи он як анбори масолеҳи сохтмонӣ, корхонаи қаннодии “Нисо” ва хатти интиқоли нирӯи барқ ҳам зарар дидааст.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, “хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Барои ҳалли масъала дастаи зудамали ситод ва коммисияи ҳолатҳои изтирории вилоят сафарбар шудаанд.” Мақомот мегӯянд, бориши зиёди борон хатари сангрезиро бештар кардааст. Вилояти Бадахшон имсол шоҳиди зиёди барфборӣ ва фаромадани тарма буд. Дар пайи ин ҳодисаҳо дар минтақа чаҳор нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Минтақаи Бартанги вилояти Бадахшон ҳанӯз дар инзиво қарор дорад. Мақомот мегӯянд, ба далели фаромадани куҳпора роҳҳо ба сӯи Бартанг бастааст ва онҳо ахиран тавассути чархбол ба сокинон кумаки ғизоӣ расонда ва беморонро ба шифохонаҳои Рӯшону Хоруғ оварданд.