Модару кӯдаке дар Ашт қурбони офати табиӣ шуданд. САДО

Обхезиҳо дар ҷамоати Понғоз дар солҳои гузашта ба мардум зиёни зиёд овардааст

Ҷасади як зан ва кӯдаки 10-моҳаи ӯро, ки дар ноҳияи Ашт шоми 2 апрел селоби сой бурда буд, сокинон рӯзи 3 апрел пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти ситоди ҳолатҳои фавқулодда, ин ҳодиса шоми якшанбе ба душанбе рух додааст. Қурбоной Мирзоқулова, сокини деҳаи Сариҳавзи ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт тифли худ дар бағал ба лаби сой обгирӣ рафта, кӯдак ба оби сой афтодааст.

Модар барои наҷоти фарзанд худро ба оби лойолуди сой зада, вале ҳар ду ба коми марг мераванд. Асадулло Ҳувайдуллоев, намояндаи ситоди мазкур дар ноҳияи Ашт субҳи 4 апрел гуфт, ки оби лойолуди сел модару кӯдакро поинтар бурда, баъди ҷустуҷӯҳо рӯзи 3 апрел аввал ҷасади модар, баъд тифли ӯро пайдо карданд. Ба гуфтаи ӯ, сел чандон калон нест, аммо одамро мебарад. Тайи чанд рӯзи охир аз гармиву борандагиҳо барфи кӯҳҳо об шуда, ба сойҳои ноҳия сел омадааст, вале калон нест.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Модару тифли 10-моҳа дар оби сой ғарқ шуданд


Аз охири ҳафтаи гузашта дар саросари вилояти Суғд ҳаво абрист ва дар водиҳо соатҳо борон меборад ва дар қисматҳои баланди қаторкӯҳи Қурама барф мезанад. Бурҳонидин Мелиҷонов, раиси ҷамоати Пунук дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4 апрел гуфт, Қурбоной Мирзоқулова танҳо мезист ва шавҳари ӯ дар муҳоҷирати кории Русия буд.

Ҷасади модару тифлашро тахминан 5-6 километр поинтар пайдо карда, ба хок супурдаанд. “Сокинон вақти боришоту сел оби лойолуди сойро мегиранд ва мемонанд, ки об такшин ва софтар шавад. Баъд онро барои нӯшидан ва хӯрок пӯхтан истифода мекунанд”, – афзуд Бурҳонидин Мелибоев. Баъд аз пайдо кардани ҷасадҳои марги модару кӯдак оби сойбурда мақомоти додситонӣ ҳамроҳи коршиносон ҳозир шуда, сабаби марги онҳоро таҳқиқ доранд.

Дар паи офатҳои табии соли 2017 дар Тоҷикистон 28 нафар кушта шудаанд.