Трамп дар суҳбат бо Путин дастгирии ИМА-ро аз Русия эълом дошт

Президенти ИМА Доналд Трамп баъди ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург, ки 14 кушта барҷой гузошт, ба ҳамтои русаш Владимир Путин занг зада, "дастгирии комил"-и Вашингтонро аз Москва эълом доштааст.

Дар изҳороти 3 апрели Кохи сафед омадааст, ки президент Трамп дастгирии пурраи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро аз Русия дар вокуниш ба ҳамла ва муҷозоти дастандаркорони он ваъда дод".

"Трамп ва Путин розӣ шуданд, ки терроризм бояд қотеъона ва зуд маҳв карда шавад", - омадааст дар изҳороти сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Сухангӯи президенти Русия афзуд, ки Трамп ба наздикони қурбониёни теракти Петербург ҳамдардии амиқ баён кард.