Дар Қирғизистон яке дигар аз вакилони мардумиро ба фасодкорӣ муттаҳам карданд ва ӯ шашумин сиёсатмадоре шуд, дар ду моҳи ахир дар кишвар ба фасодкорӣ муттаҳам мешавад.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 31-уми март гуфт, ки ба Музаффар Исҳоқов, вакил аз ҳизби ҳукуматгарои Сотсиал-демократ амр додаанд, то замони анҷоми таҳқиқи парвандааш аз шаҳри Бишкек берун нашавад. Мақомоти интизомӣ ӯро ба тақсими ғайриқонунии моликият дар замони раҳбариаш дар шаҳри Ҷалолобод дар солҳои 2010 то соли 2015 муттаҳам мекунанд.
Бо вуҷуди онки 6 нафар ба фасодкорӣ муттаҳам шудаанд, вале Музаффар Исҳоқов аввалин сиёсатмадори тарафдори давлат аст, ки ба ин ҷиноят муттаҳам мешавад. Дар зарфи як моҳи гузашта, дар Қирғизистон аввал Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби Отамакон ва чаҳор узви дигари ҳизбро ба фасодкорӣ муттаҳам карданд.
Тарафдорони Текебоев мегӯянд, ки мақомот барои роҳ надодани ин сиёсатмадор ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри имсол алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури феълии Қирғизистон дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад, чун даври ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриаш ба поён мерасад.
Мунтақидон мегӯянд, ки ӯ бо тағйири Қонуни асосӣ дар моҳи декабр қасд дорад, дар ҳукумат бимонад. Бар асоси ин тағйирот аксари салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ихтиёри нахуствазир мегузарад.