Мавсими даъвати баҳории сокинони аз ҳаждаҳ то 27-солаи Тоҷикистон ба хидмати артиш расман оғоз ёфт. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай барои чунин афрод даъватнома барои ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристода шудааст. Аммо ӯ гуфт, дар сурати сарпечӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҷавононро ба комиссариатҳо ҳозир намоянд.
“Аслан калимаи “облава” дар қонун нест. Вале як чиз аст, ки инро масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд. Шаҳрвандон бояд донанд, ки дар сурати овардани даъватнома ба макони зисти ӯ ҳатман ба комиссияи даъватӣ ҳозир шаванд. Дар акси ҳол тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳозир шудан маънои онро надорад, ки ӯ бояд ҳатман ба хидмати ҳарбӣ равад. Албатта, аз комиссия мегузарад ва агар қобили хидмат бошад, фиристода мешавад, вагарна ҷавоб медиаҳнд”, - афзуд ӯ.
Дар мавсими даъвати баҳорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат ҷалб карда мешаванд. Қаблан Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз комиссариатҳои ҳарбии кишвар тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба "облава" ё даъвати иҷборӣ роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш бо айби даъвати ҷиборӣ 51 комиссари ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ду мавсим, даъвати баҳорӣ дар моҳҳои апрел-май ва даъвати тирамоҳӣ дар моҳҳои октябр-ноябр, ҷавонон ба артиш ҷалб карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад.