Изҳороти Убайдуллоев: Террорист "муътадил" ё "ифротӣ" намешавад

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – бо ишора ба даргириҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон гуфтааст, ки сайёраи замин осебпазир шудааст. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 28 март дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия баён доштааст, аммо матни суханони ӯ ҳамагӣ рӯзи 1 апрел дастраси мо шуд.

Убайдуллоев ҳангоми суханрониаш дар ҷаласаи якҷояи Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ ва Ассамблеяи порлумонии САҲА гуфтааст, "дар танҳоӣ алайҳи терроризм ва нақшаи тарҳрезишуда истодагарии кишварҳои алоҳида ғайриимкон аст ва ҳамоҳангву муборизаи дастҷамъонаро тақозо мекунад."

Раиси палатаи болоии порлумони Тоҷикистон дар ин замина рушди фанновариҳои ҷадид, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳоро кумак ба фарохтар шудани доманаи терроризм хондааст. "Вақти он расидааст, ки тамоми кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризм бо назардошти нерӯ ва хатари ҷиддии он муттаҳид шуда, созмонҳои террористӣ ва мухолифини силоҳбадастро ба “муътадил” ва “ифротӣ” ҷудо накунанд", - афзудааст ӯ.

Маҳмадсаид Убайдуллоев охири моҳи январи имсол аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шуда, дар ҳоли ҳозир мақоми раиси Маҷлиси Миллиро ҳифз кардааст. Вай дар охири моҳи март бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, ба Санкт-Петербург рафта буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун беш аз ҳазор шаҳвранди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, хабари марги даҳҳо тани онҳо тавассути наздиконашон таъйид шудааст. Мақомот иддао доранд, ки ин афрод асосан аз гумроҳӣ ва камсаводии худ ба ин ҷангҳо рафтаанд, вале бархе аз коршиносон мегӯянд, то замоне ки ҳукумат сокинонро бо ҷои кори муносиб ва озодиҳои бештар таъмин накунад, ин мушкил боқӣ хоҳад монд.