Маттис: ИМА аз фаъолиятҳои Русия дар Афғонистон нигарон аст

Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис аз фаъолиятҳои Русия дар Афғонистон ва равобити эҳтимолии ин кишвар бо Толибон изҳори нигаронӣ кард. Маттис дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури ҳамтои бритониёиаш рӯзи 31 март дар Лондон гуфт, “мо аз тамосҳои рӯбарӯи русҳо бо Толибон хабар дорем”. Вай гуфт, ки феълан онҳо гуфта наметавонанд, ки ин тамосҳо таъмини аслиҳа ваё масоили дигарро дар назар мегирад, “вале ин ҳама фаъолиятҳо мояи нигаронии ИМА аст”.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки генерали амрикоӣ Кӯртис Скапароттӣ, фармондеҳи аршади амрикоӣ дар НАТО дар суханронии худ дар Сенат рӯзи 23 март гуфт, ки шаҳодати талошҳои афзояндаи таъсиргузории русҳо болои Толибон, ва эҳтимолан кӯшиши мусаллаҳсозии онҳоро дар даст доранд. Маскав ингуна иттиҳомотро комилан рад карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ба ин гурӯҳи шӯришӣ ёрӣ накардааст. Нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва ИМА муштаракан алайҳи Толибон меҷанганд.