Раисони Хуҷанду Истаравшан аз мақомҳояшон барканор шуданд

Шариф Шарифзода

Шариф Шарифзода – раиси шаҳри Хуҷанд – аз мақомаш барканор шудааст. Бино ба фармони нави раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 31 март нашр шуд, сабаби тасмим "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст. Бо фармони дигар, Маъруф Муҳаммадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъин гардидааст. Шариф Шарифзода ҳамагӣ як сол пеш раиси шаҳри Хуҷанд шуда буд. Вай то он дам дар мақоми раиси шаҳри Роғун кор мекард. Ҳоло маълум нест, ӯ фаъолияташро дар кадом ниҳод ва дар чӣ сатҳ идома хоҳад дод. Инчунин, рӯзи 31 март раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода аз мақомаш озод ва ба ҷойи ӯ Баҳром Иноятзода омадааст. Иноятзода аз соли 2014 муовини раиси вилояти Хатлон аст. Ин тағйирот дар Хуҷанду Истаравшан дар ҳоле сурат гирифт, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта барои таҷлил аз Наврӯз ва ифтитоҳи чанд иншоот ба вилояти Суғд рафта буд.