Моҳвораи KazSat-2-и Қазоқистон "гапнодаро" шудааст

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар кори моҳвораи KazSat-2, ки аз хадамоти он беш аз даҳ ширкати мухобиротию шабакаҳои телевизионӣ истифода мекунанд, "мушкили ғайричашмдошт" пеш омадааст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати мудофиа ва саноати фазонавардии Қазоқистон хабар додаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории расмии "Казинформ", моҳвораи мазкур 31 март соати 8:22 дақиқа аз идора хориҷ шудаааст. Tengrinews бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа ва саноати фазонавардии Қазоқистон хабар додааст, ки дар пайи ин ҳодиса 13 ширкати мухобиротию шабакаи телевизионӣ аз кор мондаанд.

Дар иттилоияи Маркази иртиботи фазоии Қазоқистон омадааст, ки "мутахассисони марказ барои барқарор кардани ҳарчи зудтари кори моҳвора ва шабакаҳои телевизионию ширкатҳои мухобиротӣ чора меандешанд".

Моҳвораи KazSat-2 моҳи июли соли 2011 ба фазо фиристода шудааст. 30 июни соли 2015 низ дар кори он мушкиле ба миён омада буд, ки баъдан сабабашро аз кор мондани барномаи таъминкунандаи низоми идории дастгоҳи фазоӣ номиданд.