Маҳмадсаид Саидзода муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси ҳукумати кишвар, ки рӯзи 31 март дар шаҳри Душанбе зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Маҳмадсаид Саидзода аз мақоми сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД барканор ва муовини вазири корҳои дохилӣ таъйин гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ҳукумат вазири рушди иқтисод Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи омодагиҳо барои тирамоҳу зимистони оянда гузориш додааст. Дар ин нишаст, аъзои ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони пешниҳод намуданд.
Инчунин дар маҷлиси ҳукумат дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, қарорҳо қабул карда шудааст.