Тими мунтахаби футболи Ӯзбакистон Қатарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва шонси расидан ба Ҷоми ҷаҳон-2018-ро ҳифз кард.
Тӯби ягонаро ба дарвозаи рақиб футболбози ӯзбак Одил Ахмедов ворид кард. Баъди ин бозӣ тими мунтахаби Ӯзбакистон бо 12 хол дар гуруҳи А Қораи Осиё мақоми севумашро ҳифз кард.
Тӯби ягонаро дар ин бозӣ Одил Ахмедов дар дақиқаи 67-уми бозӣ ба дарвозаи рақиб расонид.
То кунун тимҳои гуруҳи А ҳар кадоме 7 бозӣ анҷом додааст.
Дастаи пешсафи гуруҳи А Эрон бо 17 хол дар мақоми аввал меистад. Тими мунтахаби Куриёи Шимолӣ Сурияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва мақоми дувумро соҳиб шуд.
Тими Ӯзбакистон дар доираи бозиҳои интихобӣ ду сабқати дигарро анҷом медиҳад. Ин тим бо мунтахаби Эрон ва Куриёи Шимолӣ бояд сабқат кунад.