Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе як афсари нирӯҳои марзбониро дар пайи марги сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ҳукми Ёрибек Саидов рӯзи 28 март дар бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд ва ӯ бар асоси моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ» муҷрим шинохта шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ӯро барои “тамаъҷӯӣ” ва “вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон” муттаҳам дониста ва барояш 14 соли зиндон хоста буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Марги Ҷаҳонгир Қурбонов дар рӯзи 11 сентябри соли 2016 бори дигар вуҷуди ҳодисаҳои бадрафториву “дедовшина” дар артиши Тоҷикистонро аланӣ (ошкор) кард. Падидаи манфие, ки фаъолони ҳуқуқи башар талош доранд, ҳамроҳ бо масъулони қисмҳои низомӣ хотимааш диҳанд.
Ёрибек Саидов дар сухани ниҳоии худ рӯзи 28 март гуфт, ки “ҳар тақозое қонун талаб мекунад, онро қабул дорад”. Вале ҳукми додгоҳ ҷониби даъвогарро қонеъ накард ва онҳо гуфтанд, аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд. Дилшод Ҷӯраев – намояндаи созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи волидони Ҷаҳонгир Қурбонов ҳимоя мекунад, бо изҳори норизоятӣ аз ҳукми додгоҳ гуфт, “ӯ мебоист, бар асоси моддаи 143, иловаи 1 маҳкум мешуд. Дар вақти муайянкардаи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ба Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ мебарем”.
Волидони Ҷаҳонгир Қурбонов гфтанд, ки дар асл онҳо бо худи ҳукми инки писарашон худкушӣ кардааст, розӣ нестанд. Онҳо иддао мекунанд, ки фарзандашон “кушта шудааст”. Ҷӯрабек Қурбонов, падари Ҷаҳонгир Қурбонов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “писари маро бо сим бӯғӣ кардаанд. Дастҳояш харошида ва дар либосҳояш хасу алаф буд. Дар дор кашол буданашро ягон инсон надидааст ва ягон кас ба навор ҳам нагирифтааст.”
Дар қазияи додгоҳии мазкур ҷониби норозии дигар ҳам буд. Модари Ёрибек Саидов – Сангин Саидҷонова мегӯяд, “писари ӯро бадном кардаанд”. Вай гуфт, “вақте Ёрибек яксола буд, падараш вафот кард ва ман бо машаққати зиёд ӯро ба воя расондам. Вай фарзанди даҳуми ман аст ва то ҳол касе аз болои ӯ шикоят накарда буд. Ҳамаи гуфтаҳо нисбат ба писари ман туҳмат аст.”
Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Аз соли 2014 ба ин сӯ созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ гуфта буд, рӯзи 9 сентябри соли 2016 ҳангоми навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Дар пайи ин, Ёрибек Саидов, лейтенанти ин қисми низомӣ сарбозонро дашном медиҳад ва дар пайи фишори Саидов рӯзи 11 сентябри соли 2016 гӯё Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор меовезад.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо такя ба парвандаи ин қазия навишта буд, ки Саидов “худсарона нақши муфаттишро ба худ гирифта ва ду сарбозро ба дуздии амволи низомӣ муттаҳам кардааст ва аз онҳо хостааст, пули зиёни расондаашонро ҷуброн кунанд.” Гӯё афсар таҳдид кардааст, ки ҳарду сарбозро дар назди дигар ҳамхизматон «беобрӯ мекунад».
Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Аз соли 2014 ба ин сӯ созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.