Шастсолагии Иттиҳоди Аврупо... бе Бритониё

Бинои Порлумони Аврупо

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои таҷлил аз 60-умин соли таъсисаш дар Рум, пойтахти Итолиё, даври ҳам меоянд. Бритониё, ки қасди берун рафтан аз ин Иттиҳодро дорад, дар ин ҷашн иштирок намекунад. Иттиҳоди Аврупо, ки 28 узв дорад, рӯзи 25 март шастсола шуд. Тасмими Бритониё барои хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо боис ба нигаронии раҳбарони ин иттиҳод дар мавриди ояндаашон шудааст. Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мумкин аст, Фаронса ҳам тасмими хуруҷаш аз ин созмонро эълом кунад. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, моҳи майи соли равон аз симаташ канор меравад ва дар сурате ки Марин Лё Пен, номзади ростгарои раёсати ҷумҳури Фаронса дар даври дувум баранда шавад, ваъда додааст, ин кишварро аз Иттиҳоди Аврупо берун мекашад. Интизор меравад, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар поёни ҷаласаашон дар Рум эъломияеро дар мавриди ояндаи ин иттиҳод содир кунанд.