“Набарди Раққа хеле сахт, аммо зарурӣ хоҳад буд”

Вазири дифои Фаронса гуфт, ки Эътилофи байналмилалӣ дар Сурия омодаи роҳандозии фишори ниҳоии худ ба ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар шаҳри Раққа, пойгоҳи аслии ҷангҷӯён, аст. Жан-Ив Ле Дриан рӯзи 24 март гуфт, шаҳри Раққа дар муҳосира аст ва “дар чанд рӯзи пешорӯ набард шурӯъ мешавад”. Ӯ ба телевизиони Фаронса гуфт, “ин набард хеле сахт, аммо зарурӣ хоҳад буд”. Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” аз сӯи нерӯҳои мавриди ҳимояти ҳукумати Амрико дар шаҳрҳои Раққаи Сурия ва Мавсили Ироқ таҳти фишор қарор дода шудаанд. Ҷанги шашсолаи дохилӣ дар Сурия, ки 300 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафарро бе ҷо гузошт, бозигарони ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Русия ва Эрон аз ҳукумати Башор Асад ва Туркияву Амрико эътилофи алайҳи ҳукумати Сурияро дастгирӣ мекунанд. Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Сурия ва ҳам аз шӯришиёни мавриди пуштибонии Туркия ва Амрико таҳти фишор ҳастанд.