Се садамаи маргбор дар ҷануби Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз вуқӯи се садамаи маргбор дар рӯзи гузашта хабар дод. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ рӯзи панҷшанбеи 23 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин садамаҳои нақлиётӣ, ки талафоти ҷонӣ дар пай доштаанд, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ рух додаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Эмомалӣ, рӯзи 22 март ронандаи худрави “Опел-Астра”, ки сокини шаҳри Қурғонтеппа будааст, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи Ҳ.Шарифи ин шаҳр бехатарии ҳаракатро риоя накарда ва як марди 35-соларо пахш намудааст. Манбаъ мегӯяд, ки сипас ин мошин ба симчӯби бетонии хати қувваи барқ бархӯрдааст ва дар натиҷа, ронанда ва пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, рӯзи гузашта мошини навъи “Шевроле-Оптра”, ки ронандаи он як марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ будааст, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Восеъ, дар назди ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ як марди 77-солаи сокини ҳамин маҳалро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳо бардошта ва дар беморхона ҷон додааст.

Дар ҳодисаи дигари нақлиётӣ, ки рӯзи гузашта дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дод, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” як духтарчаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро пахш намудааст. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба ин тартиб дар як рӯзи гузашта дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷануби Тоҷикистон 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.