Гузориши оҷонсии Ассошейтед Пресс мегӯяд, ки Пол Манафорт, собиқ раиси маъракаи интихоботии Доналд Трамп ба таври махфӣ як стратегияи манфиатовар барои президенти Русия Владимир Путинро пешниҳод кардааст, ки бар зарари мухолифони ӯ хизмат мекардааст. Бо истинод ба чанд нафаре, ки аз маблағгузориҳои Манафорт ва тиҷоратҳои ӯ хабар доранд, гузориши АП аз рӯзи 22 март мегӯяд, ки ин соҳибкори амрикоӣ дар июни соли 2005 нақшаеро ба Олег Дерипаска, як олигархи марбут ба Кремлин пешниҳод карда буд. Ин нақша аз таъсигузорӣ ба сиёсат, тиҷорат ва пӯшиши хабарии рӯйдодҳо дар ИМА, Аврупо ва собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо назардошти манфиатҳои Путин иборат будааст.
Манафорт, ба иддаои ин гузориш, созишномаеро бо арзиши 10 миллион доллар бо Дерипаска имзо кард ва то соли 2009 бо ӯ равобити тиҷоратӣ дошт. Дар гузашта Трамп ва ҳам худи Манафорт гуфтаанд, ки ҳеҷ гоҳ ин шахс бо Русия ва ё ба манфиати ин кишвар кор накардааст. Манафорт, ки августи соли 2016 барои иртиботаш бо президенти рӯ ба Кремлини Украина Виктор Янукович аз кор дар ситоди Трамп истеъфо дод, дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс ҳамкории собиқаш бо Дерипаскаро тасдиқ кард. Вале гуфт, ки кораш “аз ҳимояти манфиатҳои Русия иборат набуд” ва ӯро тӯҳмат кардаанд.