Депутати украинӣ ба таҳқиқи даромадҳои машкуки Манафорт даъват кард

Пол Манафорт

Вакили парлумони Украина Сергей Лешенко пофишорӣ дорад, ки ҳизби «Минтақаҳо»-и Виктор Янукович хароҷоти Пол Манафорт, мушовири амрикоии президенти собиқи Украинаро аз роҳи сурат-ҳисобҳои офшор ва бонкҳои машкук пардохт мекард. Дар ин бора рӯзи 21 март Сергей Лешенко дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Киев хабар дод. Лешенко гуфт, ки ба дасташ нусхаи як шартнома афтодааст, ки аз рӯи он ба Манафорт яке аз ин ҳисобҳо пардохт шудааст.

Манзури ӯ санаде аз рӯзи 14 октябри соли 2009 аст, ки дар фосилаи то се моҳи баргузории интихоботи президентии ин кишвар аз рӯи он ба номи Манафорт 750 ҳазор доллар интиқол дода шудааст. Барои интиқоли ин пул созишномае бо як ширкати офшорӣ имзо шудааст, ки дар кишвари Белиз истифода шудааст. Худи ин маблағ аз бонке дар Қирғизистон интиқол дода шудааст, гуфт Лешенко. Ба гуфтаи ӯ, дар санад навишта шудааст, ки интиқоли пулҳо барои харидории компютер, на машваратҳои сиёсӣ сурат гирифтааст. Лешенко гуфт:

Сергей Лешенко

Мо ва шумо шубҳа дорем, ки Пол Манафорт ба иловаи кори тамомивақтии машвартҳои сиёсиаш ба Янукович дар Украина вақту имконият дошт, ки тавассути ширкати офшорие дар Белиз ва аз роҳи суратҳисоби бонкие дар Қирғизистон бо фурӯши компютерҳо машғул шавад. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам, ин нақшаи пулшӯии ҳизби “Минтақаҳо”-и Янукович аст. Онҳо аз ҷумла дар Қирғизистон ҳисобҳои бонкӣ доштанд ва аз онҳо истифода мекарданд. Ҳамаи ин корҳо ғайриқонунӣ буд ва на Манафорт ва на ҳизби “Минтақаҳо” бо компютерфурӯшӣ сарукор надоштанд”.

Нашрияи "Украинская правда" мегӯяд, ки ин санад мӯҳр ва имзои воқеӣ ё оригинал дорад. Лешенко гуфтааст, ки ин санад метавонад барои шурӯи таҳқиқоти ҷиноӣ дар Украина ва ИМА асос шавад.

Манафорт мушовири президенти Украина буд. Янукович дар паи эътирозҳои мардумӣ дар соли 2014 кишварро тарк кард. То августи соли 2016 Манафорт ситоди интихоботии президенти ИМА Доналд Трампро раҳбарӣ мекард. Вале вақте дар матбуот хабарҳое нашр шуд, ки Манафорт барои таблиғи манфиатҳои олигарҳои рӯ ба Кремлини Украина дар ИМА аз сохторҳои марбут ба Янукович 13 миллион доллар маблағ дарёфт кардааст, аз мақомаш барканор шуд. Худи Манафорт ҳама гуна хилофкориро рад кардааст.