Гузаргоҳҳои марзии байни Афғонистону Покистон боз мешаванд

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф рӯзи 20 март гуфт, ки ба хотири намоиши ҳусни ҳамҷаворӣ, ду гузаргоҳи аслӣ бо Афғонистони ҳамсоя боз мешавад. Басташавии марз дар рӯзи 16 феврал ҳазорҳо нафарро дар ду тарафи гузаргоҳҳои марзии Турхам ва Чаман дар ҳоли номуайянӣ гузоштааст. Ин гузаргоҳҳо баъди он баста шуд, ки дар паи силсилаҳамлаҳои моҳи феврал 130 нафар кушта шуданд ва Покистон гуфт, ки ҳамлагарон дар хоки Афғонистон паноҳ ёфтанд.

Афғонистон иттиҳоми паноҳ додан ба ин афродро рад мекунад. Дар баробари мардум ва ҳам тоҷирони интизори боз шудани марз, ҳазорҳо мошин ҳам дар наздикии сарҳад дармондааст. Ҳоҷӣ Аслам, раиси Иттиҳоди транзитӣ, ки аз манфиати ронандагон дар ҳарду тарафи марз намояндагӣ мекунад, гуфт, ки аз тарафи Афғонистон ҳудудан 4000 ва аз тарафи Покистон – 6000 мошин бо бору маҳсулоташон дармондаанд. Қарори дубора боз шудани марз баъди он содир шуд, ки дар шаҳри Лондон дипломатҳои баландпояи Покистон ва Афғонистон вазъи баамаломада ва масъалаи паноҳёбии эҳтимолии террористонро дар манотиқи марзӣ баррасӣ карданд.