Як собиқ узви парлумони Молдова рӯзи 19 март аз рӯи иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Русия боздошт шуд. Юрий Болбочану аз рӯзи 17 март инҷониб дар боздошт аст. Ҳамон рӯз дар манзилаш кофтукоб анҷом дода, тамоми васоили техникии мисли телефони мобил, компютер ва дастгоҳҳои дигарро мусодира кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад. Дар матни қарори боздошти ӯ гуфта шудааст, ки Болбочану ба хотири дарёфти иттилоъ бо афроди муҳими давлатӣ иртибот дошт ва як ҳадафаш – “бесубот кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар” ҳам буд.
Аз рӯи як иттилоъ, Болбочану бо мушовири атташеи низомии сафорати Русия дар Кишинев дар тамос буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки нигарониҳо аз болоравии нуфузи Русия дар Молдова, як кишвари хурду фақире дар марз бо Украинаву Руминия ва ҷумҳурии Иттиҳоди шӯравии пешин афзоиш меёбад. Ҳукумат мақомотро дар оғози моҳи ҷорӣ ҳушдор дод, ки ба Русия сафар накунанд, то ки мавриди бадрафтории афсарони амниятии ин кишвар қарор нагиранд. Мақомот мегӯянд, ки ин амали кишвари ҳамсоя қассосгирӣ аз санҷиши як нақшаи шустушӯи 22 миллиард доллар пули Русия тавассути Молдова мебошад.