Вазирони умури хориҷа ва дифои Ҷопон ва Русия ба музокироти ба истилоҳ “ду ба ду” шурӯъ карданд, ки дар меҳвараш баррасии масоили ҳамкориҳои амнияти минтақаӣ ва ҳам ҷазираҳои баҳсӣ мебошад. Музокироте, ки як рӯзи 20 март идома мекунад, барои аввалин бор баъди як чунин мулоқоте дар соли 2013 баргузор мешавад. Дар ин музокирот мавзӯи бӯҳрони Украина ҳам матраҳ мешавад.
Ҷопон дар миёни он кишварҳое буд, ки баъди ишғоли нимҷазираи украинӣ дар соли 2014 тарафдори ҷорӣ кардани таҳрим нисбати Маскав шуд. Вазири хориҷаи Ҷопон Фумио Кишида бо ҳамкори русаш Сергей Лавров ва вазири дифоъ Томоми Инада бо ҳамкораш Сергей Шойгу гуфтугӯ мекунанд. Музокироти ин чор мақом дар давоми рӯз ҷараён мегирад.
Дар оғози гуфтугӯҳо Сергей Лавров хостори “бархӯрди муштарак” ба масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шуд. Ин музокирот дар ҳоле мегузарад, ки дар минтақа мавҷи нави танишҳои сиёсӣ боло гирифтааст. Кореяи Шимолӣ барномаи мамнӯъшудаи силоҳҳои баллистикиашро идома медиҳад ва дар ин охирҳо чанд озмоиши навашро дар маҳдудаҳои обии марбут ба Ҷопон анҷом дод. Кишида гуфт, ки “барои ҷиддӣ гирифтани хатари ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ бояд миёни Ҷопону Русия дарки муштараки вазъ вуҷуд дошта бошад”.
Вале интизор намеравад, ки дар ин музокирот кадом қароре дар масъалаи ҷазираҳои баҳсӣ ҳосил шавад. Ҳарду ҷониб бахше аз ҷазираҳои воқеъ дар шимоли Ҳоккайдоро моли худ мешуморанд – Русия ин қаламравро Курили Ҷанубӣ ва моли худ ва Ҷопон ҳам ин қаламравро Манотиқи Шимолӣ ва аз они худ мешуморад. Ин ҷазираҳо ҳанӯз дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби артиши Шӯравӣ ишғол шуда, монеи имзои созиши расмии сулҳ миёни ду кишвар шудааст.