Дар Қрим додгоҳи журналисти ҳамкори Радиои Озодӣ шурӯъ мешавад

Як журналисте, ки бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, дар додгоҳи Русия барои дар як мақола интиқод карданаш аз ишғоли Қрим аз ҷониби Маскав дар додгоҳ посух медиҳад. Додгоҳи Миколи Семена қарор аст рӯзи 20 март дар додгоҳи маркази маъмурии Қрим – шаҳри Симферопол шурӯъ шавад. Мақомот журналистро инчунин барои пуштибонии Киев дар масдудсозии қаламрави ҷудоиталабон муттаҳам мекунанд. Ба журналист то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Семенаи 66-сола дар матлабе дар вебсайти “Крым Реалии», ки марбут ба радиои Озодӣ аст, соли 2015 мақомоти Русияро барои нақзи қонун айбдор кард. Баъди ин Семена аз ҳақи тарки Қрим маҳрум шуда барояш гуфта шуд, ки барои берун рафтан аз Симферопол бояд иҷозат дарёфт кунад. Ҳафтаи гузашта Парлумони Аврупо бо пахши қатъномае аз Маскав хост, ки беш аз 30 шаҳрванди Украина, аз ҷумла Микола Семенаро аз боздошт ва зиндонҳо озод кунанд. Аврупо гуфт, Семена барои иҷрои масъулиятҳои журналистиаш мавриди пайгард қарор гирифтааст.