Парвандаи се сокини Тоҷикистон барои чидани сияҳгӯш

Пулиси экологӣ дар Тоҷикистон алайҳи се нафар барои чидану фурӯхтани гули сияҳгӯш парванда боз кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод аз 16-сола боло буда, "барои маҳви рустании дар ҳоли нобудӣ" гунаҳкор дониста мешаванд. Худи муттаҳамон дар сӯҳбат бо масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва пулиси экологӣ гуфтаанд, ки шароити зиндагиашон хуб нест ва хостаанд, аз роҳи фурӯши гулҳои худрӯй маблағ ба даст оваранд.

Расми бостонии гулгардонии наврӯзӣ, ки ҳанӯз дар деҳоти Тоҷикистон побарҷост ва кӯдакон сияҳгӯшу бойчечак дар даст хона ба хона паёми баҳорро мебаранду дар иваз ҳадя мегиранд, акнун дар шаҳрҳо ба гунаи дигаре зуҳур карда, ба "бизнеси хурд"-и наврасон табдил шудааст.

Сияҳгӯш аз аввалин гулҳои баҳорист, ки дар миёнаҳои моҳи феврал мерӯяд ва мардум ҳам бо ҳадафи расондани муждаи баҳору Наврӯз ва, албатта, фурӯшу ба даст овардани пул ин гулҳоро решакан мекунанд. Аз ин рӯ, бозрасҳои ҳифзи муҳити зист мегӯянд, афзоиши чидани ин навъи гул онро ба хатари нобудшавӣ наздиктар мекунад.

Абдуқодирхон Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир бо маъруфияти бештар касб кардани Наврӯз чидани гулҳои худрӯй мисли сияҳгӯш ҳам ба маротиб афзудааст. Маскаев гуфт, “рейдҳо мегузаронем, ин афродро боздошту сӯҳбат мекунем, аммо ин корҳо зиёд натиҷаовар нест. Аксараш кӯдакону наврасонанд ва нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ дидан душвор аст. Мо одатан ба онҳо мефаҳмонем, ки ин растанӣ дар табиат бояд гул кунад, тухмашро дар замин партояд, то ояндааш таъмин шавад. Аммо онҳо мегӯянд, мефурӯшем гулрову қаламу нон мехарем.”

Абдуқодирхон Маскаев

Гули сияҳгӯш дар Китоби сурхи Тоҷикистон, чун як растании дар ҳолӣ нобуди қарордошта, ҷой дода шудааст ва чидани он бидуни иҷоза манъ аст. Барои чидани ғайриқонунии растаниҳои вориди Китоби сурх ҷарима ба маблағи аз 500 то 5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Аммо Абдуқодирхон Маскаев мегӯяд, ин роҳи ҳал нест ва ӯ пешниҳод дорад, ки мардум аз харидани гули сияҳгӯш дар сари роҳу хиёбонҳо худдорӣ кунанд ва бо ин ба ҳифзи муҳити зист саҳми худро гузоранд.

Сияҳгӯш аслан дар миёни мардум чун як рамзи Наврӯз ва муждарасони баҳор маъруф аст. Расми бостонии гулгардонии наврӯзӣ, ки ҳанӯз дар деҳоти Тоҷикистон побарҷост ва кӯдакон сияҳгӯшу бойчечак дар даст хона ба хона паёми баҳорро мебаранду дар иваз ҳадя мегиранд, акнун дар шаҳрҳо ба гунаи дигаре зуҳур карда, ба «бизнеси хурд»-и наврасон табдил шудааст.

Ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи феврал сари роҳҳои пурмошини кишвар, кӯдакону наврасони зиёде пайдо мешаванд, ки ба ронандаҳо ва роҳгузарон гулҳои наврӯзӣ пешниҳод мекунанд. Ҳар гулдаста, ки 3 дона гул дорад, ба 5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Раҳгузарон ҳам аз онҳо бойчечаку сияҳгӯш харида, ба чашмон мемоланду ба баҳори нав шукр мегӯянд.

Шаҳриёри 14-сола ҳар рӯз бо дастаҳои гули сияҳгӯш дар яке аз ҷодаҳои шаҳр садҳо мошинро гусел мекунад. Падар ва бародаронаш дар Русия муҳоҷиранд ва ӯ даромади ками худро аз фурӯши сияҳгӯш мададе ба буҷаи хонаводаи 8-нафарааш медонад. "Гулҳоро аз кӯҳ чида меорам ва ҳар донаашро 1 сомонӣ мефурӯшам. Рӯзона аз 20 то 25 сомонӣ кор мекунам ва бо ин пул либос мехарам ва ба хонавода ёрӣ мекунам. Гулҳои моро бештар мардҳо барои ҳамсаронашон мехаранд", - афзуд ӯ.

Шаҳриёр ҳам мисли дигар дӯстони гулфурӯшаш дар бораи паёмадҳои чидани бенизоми гулҳои худрӯйе мисли сияҳгӯш чизе намедонад, аммо дар бораи эҳтимоли ҷарима шудан барои кандани он каму беш маълумот дорад. Фурӯшандаҳо ба ин боваранд, ки кори баде намекунанд, ба ҷуз инки бо нархи ночизе ба мардум дар арафаи ҷашну баҳор хушҳолӣ мебахшанд.

Коршиносони муҳити зист мегӯянд, онҳо ҳам намехоҳанд мардумро аз ин рамзи наврӯзӣ ва маросими хубе, ба мисли мисли гулгардонӣ маҳрум кунанд, Ба таъкиди онҳо бояд роҳҳои алтернативии пешниҳод кардани ин гулҳоро ба мардум пайдо кард. Неъматулло Сафаров, роҳбари маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, гуфт, “гули сияҳгӯшро ҳам мисли гули лола дар ҳолати сунъӣ рӯёндан мумкин аст ва ин кори мушкил нест. Ин ташаббусро метавонанд дӯстдорони табиат ва ё соҳибкорон ба ӯҳда бигиранд. Ё роҳи дигар метавонад ин бошад, ки масалан дар як майдон агар 100 дона гул бирӯяд, ба чидани 50 донааш иҷоза дода шавад.”

Ба гуфтаи Сафаров, ба фарқ аз кишварҳои дигар хатари нестшавии сияҳгӯш дар Тоҷикистон нисбатан камтар аст, чун ин гул дар шароити Тоҷикистон паҳнгашта аст ва то 50 сантиметр дорад, ки канданашро мушкил мекунад. Вале, дар ҳар сурат, ба гуфтаи ӯ барои эҳтиёт дар тартиби чидани ин гулҳо бояд танзим бошад, то ба муҳити зист зиён нарасад.