Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сияҳгӯш - пайки ҳафтранге аз баҳору аз Наврӯз (ВИДЕО)


Даҳҳо наврасон дар сари роҳҳои пурмошин гулҳои баҳорӣ мефурӯшанд ва раҳгузарон аз онҳо бойчечаку сияҳгӯш харида, ба чашмон мемоланду ба баҳори нав шукр мегӯянд.

Расми бостонии гулгардонии наврӯзӣ, ки ҳанӯз дар деҳоти Тоҷикистон побарҷост ва кӯдакон сияҳгӯшу бойчечак дар даст хона ба хона паёми баҳорро мебаранду дар иваз ҳадия мегиранд, акнун дар шаҳрҳо ба гунаи дигаре зуҳур карда, ба «бизнеси хурд»-и наврасон табдил шудааст.

Онҳо аз доманакӯҳҳои атрофи Душанбе, бавижа Варзобу Ромит, гулҳои баҳорӣ мечинанд ва дар шаҳр ба раҳгузарон мефурӯшанд. Як бастаи сияҳгӯш, ки аз 3 дона иборат аст, 5 сомонист.

Сангалӣ Муллозода.
Сангалӣ Муллозода.
Сангалӣ Муллозодаи 13-сола аз зумраи наврасонест, ки чанд соли охир гули сияҳгӯшро аз талу теппаҳои канори Душанбе, дақиқтараш деҳаи Армуғони ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар кӯчаҳои пойтахт ба роҳгузарҳо пешкаш мекунад. Вай мегӯяд, ҳар сол бесаброна омадани баҳорро мунтазир мешавад, аммо на ба хотири зебоии ин фасли сол, балки даромаде, ки аз фурӯши гулҳо ба даст меорад. Вай ба нақл аз модараш мегӯяд, ки гули сияҳгӯш ба одамон аз омадани баҳор хабар медиҳад: «Сияҳгӯшро аз кӯҳ чида, дар Душанбе мефурӯшем. Бисёртар занҳову мардҳои калонсол онро мехаранд. Одамон сияҳгӯшро гирифта мебӯсанду ба чашму абрӯвонашон мемоланд ва «Худо боз ба баҳори дигар моро расонад» мегӯянд.»

Сангалӣ барои пажмурда нашудани сияҳгӯш онро дар коғази тар мепечонанд ва ҳамчунин талош мекунад, ки решаи гул андаруни хоки намдор бошад.

Идибек
Идибек
​Дар фурӯши сарироҳии гулҳои баҳорӣ Сангалӣ танҳо нест. Идибеки Собири 15-сола низ аз "соҳибкорон"-и бозори гулҳои наврӯзист. Вай мегӯяд, сияҳгӯш ҳанӯз дар моҳи феврал аз худ дарак медиҳад ва бо наздик шудани Наврӯз ҷои онро гулҳои дигар мегиранд. Идибек, ки дар ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад, мегӯяд, сияҳгӯшро аз пуштаи назди хонаашон чида, ба бозор мебарорад ва ҳар донаашро 1,5- 2 сомонӣ мефурӯшад. Вай гуфт: «Аз Душанбе низ бачаҳои зиёд омада, аз деҳаи мо сияҳгӯш мечинанду барои фурӯш мебаранд. Баъзеи дигарашон бо дидани гулҳо хурсанд шуда барои хонаҳояшон мебаранд.»

Аммо на ҳамаи наврасон ба ин гулҳо ба чашми савдо менигаранд. Мо, ки бо ҳамроҳии Идибек ва Сангалӣ дар пуштаҳои канори Душанбе сӯҳбат доштем, ин ҷо Дилнозаи хурдакакро дидем, ки мегӯяд, барои модараш сияҳгӯш мечид. Вай ҳамагӣ 7 сол дорад ва медонад, ки модараш аз дидани гулҳо шод мешавад ва барояш офарин мегӯяд: «Очам сияҳгӯшро дар чашмонаш молида, чизе мегӯяд, ки намефаҳмам. Лекин хурсанд мешавад. Офарин, духтарам, мегӯяд.»

Модари Дилноза, холаи Сафармоҳ мегӯяд, ҳар боре духтараш барояш сияҳгӯш меорад, кӯдакии худаш ба хотираш мерасад. Кӯдакие, ки дар он гули сияҳгӯш танҳо муждаи баҳор буд ва сиёҳгӯшро касе намефурӯхт. Аммо ҳоло ҳам дар рӯзҳои наврӯзӣ ин мисраъҳои бостонӣ суруда мешаванд:

«Гули сияҳгӯш ҳафтранг аст,
Хӯроки кабки дилтанг аст.
Ҳамеша бар сараш ҷанг аст,
Баҳори нав муборак бод!»


Сиёҳгӯш - пайки Наврӯз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
XS
SM
MD
LG