Пешниҳоди визаи имтиёзноки Амрико барои шаҳрвандони Афғонистон

Гурӯҳе аз сенаторҳои амрикоӣ пешниҳод карданд, ки ба 2500 шаҳрванди Афғонистон, ки бо нирӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ карда ҳаёти худро таҳти хатар қарор медиҳанд, визаи сафар ба Амрико содир шавад. Раиси Кумитаи хизмати низомӣ Ҷон Маккейн, яке аз чор муаллифи тарҳи қарор рӯзи 15 март гуфт, ки “бидуни кӯмаки шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳаёти худро барои кӯмак ба артиш ва дипломатҳои Амрико таҳти хатар қарор медиҳанд, дар ҷанг пирӯз шуда наметавонем”.

Маккейн гуфт, ки Конгресс дар давоми беш аз 15 соли ҷанги Афғонистон барои таъмини ин нафарон бо виза коре накард ва “ба ҳамин хотир ҳам, ҳаёти ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон таҳти хатар аст”. Муаллифони ин тарҳи қарор – сенаторҳои демократ Ҷин Шоҳин ва Ҷек Рид ва сенатори ҷумҳурихоҳ Том Тилис мегӯянд, пешниҳоди сабукӣ дар гирифтани виза “як вазифаи ахлоқӣ” дар баробари ин нафарон аст.