"Фарҳанги шикор дар Помир" соҳиби ҷоиза шуд

Қурбони Аламшо.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон натиҷаи озмуни экологии худро эълон кард ва Қурбони Аламшоҳ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷикро барои филми мустанади “Фарҳанги шикор дар Помир” баранда эълон кард. Маҳмадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Комиссияи экологии порлумон марҳилаи ниҳоии озмунро баррасӣ намуд ва барои навиштаҳои беҳтарин дар мавзӯи экология ғолибонро эълон намуд.

Ба ин тартиб, ҷои аввал ва мукофоти пулии 4000 сомонӣ ба Қурбон Аламшоев барои филми мустанад дар мавзӯи “Фарҳанги шикор дар Помир” дода шуд. Ҷои дуввумро Ҷамолиддин Яъқубов барои мақолаи “Иқтисоди сабз” ба худ ихтисос дод ва соҳиби 3 ҳазор сомонӣ шуд.

Бурҳон Каримзода барои сислсилаи мақолаҳо оид ба муносибати мутақобилаи инсон ва табиат, оби тоза ва эҳёи вожаи “вубол” дар муносибат бо муҳити атроф, соҳиби ҷои сеюм шуда, ҷоизаи пулии 2000 сомониро ба даст овардааст. Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагон оид ба асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология дар таърихи 19 январи соли 2016 ин озмунро аз тариқи матбуот эълон карда буд.