Вакилони порлумони Қирғизистон 15 март лоиҳаи қонуни ин кишварро "Дар бораи воситаҳои ахбори ом" қабул карданд. Лоиҳаро, ки худи намояндагони мардумӣ пешниҳод намудаанд, 101 вакил ҷонибдорӣ карда, 6 тан зид баромадаанд. Ин қонун пеш аз ҳама ба шахсоне марбут аст, ки ҳаққи таъсиси расона, аз ҷумла телевизионро дар Қирғизистон доранд. Моддаи 5- қонун ҳаққи аҳзоби сиёсӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои таъсиси ВАО таҳким мебахшад.
Ҳамчунин иштироки хориҷиҳоро дар расонаҳои маҳаллӣ маҳдуд ва доираи шахсонеро, ки ҳаққи таъсиси ВАО-ро дар Қирғизистон доранд, танг хоҳад кард. Бар пояи қонуни нав, шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ доранд, танҳо на бештар аз 35%-и саҳмияи телевизионро дар Қирғизистон соҳиб шаванд. Ба огаҳии Хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба нашрия ва радио, аз ҷумла радиоҳои хориҷӣ дахл нахоҳанд дошт.