Либия: Мухолифон аз Русия кӯмаки низомӣ хостаанд

Маршал Халифа Ҳафтар

Ҳукумати оппозитсионии Либия, ки мухолифи ҳукумати Триполии мавриди ҳимояти СММ аст, аз Русия дархости кӯмаки низомӣ кардааст ва ваъдаи кӯмакро ҳам дарёфт кардааст. Оқила Солеҳ, як сухангӯи парлумони оппозитсионӣ дар шаҳри шарқии Тобрук дар сӯҳбат бо хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ки аксари афсарони онҳо таҳсилкардаи мактабҳои низомии Русия ҳастанд, забонро медонанд ва истифодаи силоҳҳои русиро ҳам балад ҳастанд. Солеҳ гуфтааст, ки дар мубориза бо терроризм омода ҳастанд кӯмаки Русияро дарёфт кунанд.

Вай гуфтааст, ки артиши ҳукумати оппозитсионӣ ба раҳбарии як низомии зиддиисломӣ Халифа Ҳафтар нияти зери назорат даровардани майдонҳои нафтӣ ва бандарҳои зери назари Триполиро доранд. Соли гузашта Ҳафтар ду дафъа ба Маскав сафар карда бо вазири дифои Русия мулоқот кардааст. Солеҳ гуфт, ки моҳи гузашта тахминан 70 сарбози онҳо ба Русия барои муолиҷаи тиббӣ парвоз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки вазорати дифои Русия хабарҳо дар бораи ирсоли нирӯ ба шаҳри бандарии Сиди Боррании Миср, ки дар марзи шарқии Либия ҷойгир аст, рад кардааст. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ин нирӯ бо ҳадафи кӯмак ба ҳукумати оппозитсионии Либия ирсол шудааст.